Дар бозии аввали даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 оид ба футбол миёни наврасон дар гурӯҳи «В», ки дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ҷараён дорад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳисоби 2 бар 0 дастаи Сурияро мағлуб кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии дигари ин гурӯҳ футболбозони навраси Уммон бо ҳисоби 8 бар 0 бар дастаи Малдив дастболо шуданд.

Дар даври дуюм рӯзи 22 сентябр дастаи Тоҷикистон бо тими Малдив (оғози бозӣ соати 19:00) бозӣ карда, дар вохӯрии дигар дастаҳои Сурия ва Уммон (соати 16:00) рақобат мекунанд.

Ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи зинаи дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаҳои беҳтарин ба даври финалии Чемпионати Осиё-2018 миёни наврасон роҳ меёбанд. Даври финалии ин мусобиқа аз 25 сентябр то 7 октябри соли оянда дар Малайзия доир мегардад.