Дар рӯзи нуҳуми Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод варзишгарони Тоҷикистон соҳиби 4 медал – 2 нуқра ва 2 биринҷӣ шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, медалҳои нуқраро Ҷомии Ҳасан дар самбо ва Искандари Рустам дар гуштини озод ба даст оварда, медалҳои биринҷиро бошад, Фотима Холова дар намуди кикбоксинг ва Умед Ҳасанбеков дар намуди самбо сазовор шуданд.

Гуфта мешавад, шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 38 адад расид – 10 нуқра ва 28 биринҷӣ ва дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ дар ҷои 27-ум қарор дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки Туркманистон, ки 206 медал, аз ҷумла 79 тилло дорад, дар ҷои аввал аст. Чин бо 61 медал, аз ҷумла 23 тилло ба ҷои дуюм баромад. Эрон бо 89 медал, аз ҷумла 22 тилло дар мақоми сеюм аст.

Ҳамчунин илова мешавад, ки то имрӯз варзишгарони 34 кишвар соҳиби медал шуда, 26 давлат медали тилло ба даст овардаанд.