Дар бозии охирини даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 оид ба футбол миёни наврасон дар гурӯҳи «В», ки дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардид, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳисоби 1 бар 0 дастаи Уммонро мағлуб кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар давраи аввал футболбозони тоҷик бар дастаи Сурия (2:0) ва дар даври дуюм бар дастаи Малдив (14:0) дастболо шуда буданд. Ҳамин тариқ, мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон дар се бозӣ 9 имтиёз ба даст оварда, ҳамчун ғолиби гурӯҳ ба даври финалии Чемпионати Осиё-2018 роҳ ёфт.

Қобили зикр аст, ки ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи зинаи дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаҳои беҳтарин ба даври финалии Чемпионати Осиё-2018 миёни наврасон роҳ меёбанд. Даври финалии ин мусобиқа аз 25 сентябр то 7 октябри соли оянда дар Малайзия доир мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон бори сеюм аст, ки ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳхат мегирад. Қаблан футболбозони навраси тоҷик дар Чемпионатҳои соли 2006 ва 2010 иштирок карда буданд. Дар мусобиқаи соли 2006 дар Сингапур мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон ба медалҳои биринҷии мусобиқа шарафёб гардида буд.