Дар бозии финалӣ дастаи Тоҷикистон дар силсилаи зарбаҳои 11 метра бо ҳисоби 2 бар 1 дипломатҳои Колумбияро мағлуб кард. Вақти асосии бозӣ мусовӣ - 2 бар 2 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Sport-express, мунтахаби Вазорати корҳои хориҷии Русия миёни 12 дастаи иштирокчӣ зинаи 5-умро ишғол намуд.

Гуфта мешавад, ин мусобиқа дар майдони маҷмааи варзишии ба номи Эдуард Стрелтсов доир гардида, дар он ба ҷуз дипломатҳои Тоҷикистону Русия ва Колумбия, дастаҳои Боливия, Чин, Ироқ, Қазоқистон, Кувейт, Молдова, Муғулистон, Испания ва дастаи ширкати телевизионии «Мир» ширкат варзиданд.

Ба гуфтаи намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова, Чемпионат оид ба футбол байни сафоратҳо минбаъд имон дорад ба мусобиқаи доимӣ табдил ёбад.