Мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев омодагиро ба даври финалии Чемпионати Осиё-2018 оғоз намуд.

Сармураббӣ Ҳусейн Шодиев 16 бозигар - 2 дарвозабон ва 14 бозигарони майдонро ба тамринҳо даъват карда, аз миёни онҳо дар охир 14 нафар бозигарони даста муйян мешаванд.

Менеҷери даста Фирӯз Юсуфзода ба сомонаи ФФТ хабар додааст, ки футболбози дастаи «Соро компания» Мансур Эргашев, ки дар даври интихобӣ капитани даста буд, бинобар серкориаш (ӯ корманди Бонки миллии Тоҷикистон аст) дар даври финалии Чемпионати Осиё-2018 ба дастаи мунтахаб кумак карда наметавонад.

Ёдрас меекунем, ки мусобиқаи Чемпионати футзали Осиё-2018 аз 1 то 11 феврал дар шаҳри Тайбейи Чин доир мегардад. Дар марҳилаи аввал мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Ӯзбекистон, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад.