Имрӯз дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ Бозиҳои XXIII олимпии зимистон оғоз мегарданд. Намояндагони Тоҷикистон дар он иштирок намекунанд.

Бино ба маълумоти ТАСС, маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ имрӯз дар боғи олимпии Хвэнге, воқеъ дар фароғатгоҳи лижаронии кӯҳии Алпензия баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, замони баргузории чорабинӣ ҳарорати ҳаво 10 дараҷа хунук шуда, бисёре аз варзишгарон барои шамол нахӯрдан, аз иштирок дар маросими ифтитоҳ даст кашидаанд.

Иштироки худро дар ин Бозиҳо 2925 нафар варзишгарон аз 92 кишвари дунё тасдиқ карданд. Дар Бозиҳои Сочи-2014 аз 88 кишвар 2858 нафар варзишгарон ширкат варзида буданд. Намояндагони Малайзия, Сингапур, Эквадор, Эритрея, Нигерия ва Косово бори нахуст бозиҳои зимистона иштирок мекунанд.

Дастаи Кореяи Шимолӣ ба кквотаи махсус соҳиб шуд. Ин давлатро 22 нафар варзишгарон, аз ҷумла 12 нафар иштирокчии дастаи ягонаи занонаи хоккейи байникореягӣ намояндагӣ мекунанд.

1/15

Ба сифати тилисми Бозиҳои олимпии зимстона-2018 паланг бо номи Сухоран (Soohorang) интихоб шудааст, ки дар ривоятҳои кореягиҳо рамзи эътимод, нерӯ ва ҳимоя мебошад.

Иштирокчиёни Бозиҳо дар ду деҳаи олимпӣ зиндагӣ мекунад, ки якеаш дар Пхёнчхан то 3900 ва дигарӣ дар Каннин тақрибан 2900 варзишгарону шахсони расмӣ ва меҳмононро қабул карда метавонад.

Бозиҳо аз рӯи 15 намуди варзиш ва 102 мусобиқа (102 медал) баргузор мешавад. Маросими анҷоми Бозиҳо санаи 25 феврал доир мегардад.