Бори нахуст шурӯъ аз соли 2013 гуштигирони тоҷик бе медалҳои Чемпионати Осиё баргаштанд.

Аз 28 феврал то 4 марти соли равон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Чемпионати Осиё оид ба гуштин (тарзи озод, юнонӣ-римӣ, бонувон) доир гардид, ки дар он тими мунтахаби Тоҷикистонро 18 варзишгар намояндагӣ карданд.

Дар ҳисоби даставӣ аз рӯи гӯштини тарзи озод - мунтахаби Ӯзбекистон, юнони римӣ - тими Қирғизистон ва миёни бонувон - мунтахаби Чин ғолиб омаданд. Гуштигирони тоҷик аз медалҳои Чемпионати Осиё бенасиб монданд.

Ягона медали тиллоро дар ин муобиқаҳо барои Тоҷикистон соли 2003 Юсуф Абдусаломов дар Ҳиндустон ба даст оварда буд. Он замон Тоҷикистон ба 16 медал (1 тилло, 4 нуқра ва 11 биринҷӣ) соҳиб шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.