Президенти Конфедератсияи Футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа имрӯз, 5 апрел бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ФФТ, зимни сафар дидору гуфтушунидҳои ӯ бо раҳбарияти Федерасияи футболи Тоҷикистон брагзор шуда, дар онҳо масъалаҳои рушди футбол дар минтақа баррасӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа нимаи моҳи апрели соли 2013 ба сифати президенти Ассотсиатсияи футболи Баҳрайн ба Тоҷикистон омада буд.

Он замон дар мулоқоти Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни федератсияҳои миллии кишварҳо мавриди муҳокима қарор гирифта буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.