Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 12 апрел ба нашр расид, дар муқоиса бо моҳи гузашта мақоми мунтахаби футболи Тоҷикистон  6 зина боло рафта, акнун бо 271 имтиёз мавқеи 118-умро ишғол мекунад.

Рейтинги навбатии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) санаи 17 май ба нашр мерасад.

Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 22-юм қарор дорад. Дар қораи Осиё зинаи аввалро бо 727 имтиёз - Эрон (ҷойи 36-ум дар ҷаҳон), мақоми дуюмро - бо 700 имтиёз Австралия (мавқеи 40-ум дар ҷаҳон) ва мавқеи сеюмро - бо 528 имтиёз Ҷопон (зинаи 60-ум дар ҷаҳон) ишғол мекунанд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.