Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур (Малайзия) маросими қуръакашии даври финалии Чемпионати Осиё-2018 оид ба футбол миёни мунтахабҳои наврасони то 16-сола доир гардид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федеартсияи футболи Тоҷикистон, тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Малайзия, Япония ва Таиланд қувваозмоӣ мекунад.

Дар Чемпионати 18-уми Осиё оид ба футбол миёни мунтахабҳои наврасони то 16-сола, ки аз 20 сентябр то 7 октябри соли равон дар Малайзия баргузор мешавад, 16 даста иштирок мекунад.

Мувофиқи регламент, аз рӯи натиҷаҳои бозӣ дар 4 гурӯҳ 2 даста ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфта, дар идома марҳилаи 1/4 финалӣ, нимфиналӣ ва бозии финалӣ доир мегардад. Чор дастаи беҳтарини чемпионат ба Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17) дар Перу роҳхат мегиранд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бори сеюм аст, ки дар даври финалии Чемпионати Осиё бозӣ мекунад. Тоҷикистон дар бозиҳои финалии чемпиоантҳои соли 2006 ва 2010 иштирок карда буд. Дар чемпионати соли 2006 дар Сингапур наврасони Тоҷикистон медали биринҷӣ ба даст оварда, ба чемпионати ҷаҳон-2007 роҳхат гирифта буданд.

Натиҷаҳои қуръапартоии Чемпионати Осиё-2018 байни мунтахабҳои наврасон (U-16):

Гурӯҳи «А»: Малайзия, Япония, Таиланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «В»: Кореяи Шимолӣ, Уммон, Яман, Урдун.

Гурӯҳи «С»: Эрон, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия.

Гурӯҳи «D»: Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Афғонистон.