Дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2018 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бар тими «Аҳал»-и Туркманистон дастболо шуд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ФФТ, бозӣ дар варзишгоҳи «Ашқобод» бо ҳузури 18,5 ҳазор нафар мухлисон баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 52-юм капитани «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев ба нишон расонд.
Ин ғалабаи 4-уми «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 буда, футболбозони тоҷик бо касби 13 имтиёз дар гурӯҳи «D» устуворона пешсафанд. Агар имрӯз «Олтин Асир»-и Туркманистон дар вохӯрӣ бо «Олой»-и Қирғизистон дар майдони худ бозиро бой диҳад ё мусовӣ анҷом диҳад, «Истиқлол» пеш аз муҳлат ба даври дигари мусобиқа роҳхат мегирад.
Бозии охирини давраи гурӯҳи санаи 16 май доир гардида, «Истиқлол» дар майдони худ «Олтин Асир» ва «Олой»-и Қирғизистон «Аҳал»-ро қабул мекунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.