Дар Мусобиқаи байнулмилалии Tajikistan Open дар Душанбе, ки дар майдонҳои тенниси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон доир мегардад, беш аз 210 нафар аз 36 кишвар ширкат меварзанд.

Мусобиқаҳо байни писарону духтарони синни то 18-сола сурат мегирад. Тибқи рейтинги байнулмилалӣ, чанде аз иштирокчиён ба даври асосӣ роҳ ёфта, дигарон дар мусобиқаҳои интихобӣ барои роҳ ёфтан ба даври асосӣ қувваозмоӣ мекунанд. Мусобиқаҳои пешакӣ 5 май оғоз гардиданд.

Мусобиқаи Tajikistan Open байни наврасон дар майдонҳои КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон"
Asia-Plus

Мусобиқаи Tajiristan Open 11 май ба итмом расида, сипас аз 12 то 18 май бозиҳо барои дарёфти Ҷоми Федратсия - Fed Cup - мусобиқаи байнулмилалии даставӣ байни занон шурӯъ мешаванд.

“Ҳарду мусобиқа ҳам ба категорияи 5-уми низоми мусобиқаҳои Федератсияи байнулмилалии тенниси ITF дохил мешаванд. Барои иштирок дар мусобиқаҳо ба ҳар кадоме аз теннисбозон имтиёзҳои рейтингӣ дода мешавад”, - қайд кард котиби генералии Федератсияи тенниси Тоҷикистон Мирҳусейн Яҳёев.

Ба гуфтаи ӯ, иштирокчиёни мусобиқа аз кишварҳои хориҷӣ тариқи реҷаи онлайн бо интернет худро номнавис кардаанд.

“Ба мо муяссар шуд, ки кишварҳои зиёдро ба мусобиқа ҷалб намоем, - мегӯяд президенти Федератсияи миллии теннис Шоҳин Саидов. - Ин натанҳо ба рушди теннис дар Тоҷикистон, балки ба афзоиши шумори сайёҳон ба ҷумҳурӣ низ мусоидат мекунад”.

Ӯ барои кумак ба Кумитаи ҷавонон ва варзиш, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон, маҷмааи варзишии “Тоҷварз” ва дигар ташкилотҳо миннатдорӣ изҳор намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.