Ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилови 26-сола, ки мавсими гузашта дар дастаи «Балтика»-и Калиниград (17 бозӣ) ҳунарнамоӣ кард, минбаъд дар чемпионати Булғористон бозӣ мекунад, хабар медиҳад сомонаи расмии ФФТ.

Бино ба иттилои манбаъ, футболбози тоҷик ба сифати агенти озод аз дастаи «Балтика» ба тими «Локомотив» (Пловдив) гузаштааст.

Дар «Локомотив» Искандар Ҷалилов ҳамроҳи шарики худ дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон нимҳимоягар Парвизҷон Умарбоев бозӣ мекунад.

Искандар Ҷалилов қаблан низ дар чемпионати Булғористон иштирок карда буд. Мавсими соли 2016 ҳимоятгар ҳамроҳ бо дигар футболбози тоҷик Нуриддин Давронов дар тими «Дунав» (Русе)-и ин кишвар бозӣ мекарданд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2016 Искандар Ҷалилов ҳимоягтари тими мунтахаби футболи Тоҷикистон аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.