Тими мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон дар бозии аввали мусобиқаи Бозиҳои Осиё-2018 бозиро бо ҳисоби хеле калон бар дастаи Кореяи Шимолӣ бохт.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бозӣ дар варзишгоҳи “Bumi Sriwijaya”-и шаҳри Палембанг бо ҳисоби 16:0 ба фоидаи кореягиҳо анҷом ёфт. Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар даври дуюм 20 август бо мунтахаби бонувони Чин вомехӯрад.

Аз натиҷаҳои мусобиқаҳои рӯзи 19 август дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия Кумита иттилоъ медиҳад, ки  дар ин рӯз оид ба баскетбол, волейболи соҳилӣ, шамшербозӣ, футбол, ҳандбол, чавгонбозӣ, кабадди, қайиқронии академӣ, сепак такрав, тирандозӣ, софтбол, шиноварӣ, таеквондо, теннис, волейбол, тӯббозӣ дар об, гуштин ва ушу мусобиқаҳо доир гардиданд.

Гуфта мешавад, варзишгарони тоҷик дар намудҳои варзиши гуштин, тирандозӣ ва ушу иштирок карданд, аммо аз медалҳо бенасиб монданд. Дар гуштини озод 5 варзишгари мо вориди рақобат шуданд. Дар вазни 57 кг Ҳикматулло Воҳидов аз намояндаи Муғулистон, дар вазни 86 кг Баҳодур Қодиров аз варзишгари Қазоқистон дар рақобати аввал шикаст хурданд. Дар вазни 65 кг Абдулқосим Файзиев дар рақобати аввал бар варзишгари Тайланд бо ҳисоби 12:2, дар вазни 74 кг Гамид Ҷалилов бар варзишгари Покистон бо ҳисоби 10:0 ғалаба карда, вале дар рақобати дуюм мутаносибан аз варзишгарони Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гардиданд. Искандари Рустам дар вазни 97 кг бо сабаби нотобӣ натавонист гуштин бигирад.

Ба иттилои манбаъ, дар тирандозӣ аз туфанг ба масофаи 10 метр дар рақобатҳои тими омехта Тоҷикистон ҷои 15-ум ва дар тирандозӣ аз таппонча дар масофаи 10 метр дар рақобатҳои тими омехта ҷои 21-умро ишғол намуд.

Дар намуди ушу ягона варзишгари тоҷик Мирзодалерхон Хуршедзода дар вазни 70 кг аз варзишгари Ҳиндустон шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.

Ҳамин тариқ, дар рӯзи аавали баъд аз маросими расмии кушодашавии бозиҳо варзишгарони 17 кишвар соҳиби медал шуданд ва варзишгарони 9 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Чин бо 16 медал (7 тилло, 5 нуқра, 4 биринҷӣ), Ҷопон бо 14 медал (3-6-5), Кореяи Ҷанубӣ бо 11 медал (2-3-6) дар се ҷои аввал қарор доранд.

Зимнан зикр мегардад, ки имрӯз, 20 август – варзишгарони Тоҷикистон дар намудҳои футболи бонувон, тирандозӣ, шиноварӣ, таеквондо, гуштини озод барои ба даст овардани медалҳо талош мекунанд.