Рӯзҳои 23-24 август дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи IX байнулмилалии теннис байни наврасон ва ҷавонон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир мегардад.

Маросими тантанавии ифтитоҳи мусобиқа шоми имрӯз, 23 август соати 18:00 дар майдони тенниси Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, хабар доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар мусобиқа аз иштироки намояндагони ИМА, Русия, Украина, Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон интизорӣ меравад.

Мусобиқаи байнулмилалии теннис дар Душанбе ба муносибати ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон доир мегардад. Бои нахуст ин мусобиқа соли 2007 баргузор шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.