Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии «Bangabandhu Gold Cup», ки аз 1 то 12 октябр дар Бангладеш доир мегардад, иштирок мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои қуръапартоӣ Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Фаластин ва Непал бозӣ мекунад. “Гурӯҳи “В” аз дастаҳои Филиппин, Бангладеш ва Лаос иборат аст.

Мувофиқи регаламенти мусобиқа, аз ҳар кодме аз гурӯҳҳо ду даста ба даври нимфиналӣ роҳ ёфта, минбаъд тибқи низоми олимпӣ, дастаи шикастхӯрда аз мусобиқа хориҷ мешавад.

Қобили зикр аст, ки бозиҳои мусобиқаи байнулмилалии «Bangabandhu Gold Cup» дар ду варзишгоҳ – Варзишгоҳи миллии Бангабанду дар Дакка ва варзишгоҳи “Силхет Дисткрикт” дар Силхет баргузор мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.