Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-21) таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бозии аввалини худро дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Пекин баргузор намуд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони ҷавони тоҷик бо тими Узбекистон бозӣ карда, вохӯрӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи футболбозони ӯзбек анҷом ёфт.

ФФТ

Дар ин мусобиқа мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон боз ду бозӣ мегузаронад. Рӯзи 6 сентябр шогирдони Мубин Эргашев бо дастаи Чин ва дар даври хотимавӣ бо тими мунтахаби Мянма бозӣ мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.