Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо (WT) дар аввалин Чемпионати кушоди Осиё сазовори 8 медал гардид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон, аввалин Чемпионати кушоди Осиё оид ба таэквондо 7-9 сентябр дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор шуда, варзишгарони тоҷик миёни наврасон ва ҷавонон сазовори 2 медали тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.


Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар зери роҳбарии мураббиён Исломиддин Фозилов, Зафар Тошматов ва роҳбари даста Фирӯз Файзиев ба мусобиқа сафарбар гардида буданд.

“Миёни ҷавонон Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 73 кг, Амал Ибрагимов дар вазни 59 кг сазовори медали тилло шуданд. Медалҳои нуқраро Рамазон Мирзоев дар вазни 59 кг, Муҳаммадҳусайн Шомаҳмадов дар вазни 51 кг миёни ҷавонон ва Маснавӣ Хоҷаев дар вазни 61 кг миёни наврасон сазовор гаштанд. Медалҳои биринҷиро Насиба Давлатова дар вазни 46 кг, Лутфулло Алиҷон дар вазни 63 кг миёни ҷавонон ва Асланбек Фозилов дар вазни 57 кг миёни наврасон ба даст оварданд”, - омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки дар Чемпионати кушоди Осиё наздики 400 варзишгар аз 15 давлати қора иштирок карданд.


Ба иттилои Ҷаҳонзеб Қармишев, раиси Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон, барои ҳакамӣ ба мусобиқаи мазкур ду нафар довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Вафоназар Алиназаров ва Ошурмуҳаммад Ошуров даъват шуда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.