Ҳарифи дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври нимфиналии Чемпионати Осиё (U-16), ки айни замон дар Малайзия мегузарад, муайян шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии нимфиналии ин мусобиқа футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолони худ аз Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунанд, ки дар марҳилаи 1/8 финалӣ бо ҳисоби 1 бар 0 бар дастаи Ҳиндустон дастболо шуд.

Гуфта мешавад, бозии нимфиналии Чемпионати футболи Осиё (U-16) байни дастаҳои Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ санаи 4 октябр дар варзишгоҳи “Петалинг-Ҷая” доир мегардад. Оғози вохӯрӣ – соати 17:45 ба вақти Душанбе. Дар бозии дигари нимфиналӣ дастаҳои Ҷопон ва Австралия рақобат мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Австралия ҳуқуқ пайдо намуданд, ки қораи Осиёро дар Чемпионати ҷаҳон (U-17), ки соли оянда дар Перу баргузор мешавад, намояндагӣ кунанд.

Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16 рӯзи 30 сентябр дар бозии даври 1/8 финалӣ бар дастаи Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея (ҶХДК) аз рӯи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 4 бар 2 (вақти асосӣ – 1:1) ғолиб омада, ба даври нимфиналии Чемпионати Осиё-2018 ва Чемпионати ҷаҳон (U-17), ки соли оянда дар Перу баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Дастаро бо ин дастовард президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ табрику таҳният гуфта, зикр кардааст, ки “ниҳоят замоне фаро расид, ки аз нахустин натиҷаҳои кори чандинсолаамон баҳра мебардорем”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.