Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон ба медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-16) соҳиб шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии финалии мусобиқа байни дастаҳои Тоҷикистон ва Япония, ки дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуд, футболбозони навраси тоҷик бозиро бо ҳисоби 1 бар 0 ба тими Япония бохтанд.

Ҳамин тариқ дастаи Япония бори сеюм қаҳрамони Осиё шуд. Дастаи Тоҷикистон ба мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки соли оянда дар Перу доир мегардад, роҳхат гирифт.

Медали нуқраи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия дастоварди беҳтарин дар таърихи даста мебошад. То ин дам футболбозони навраси тоҷик танҳо ду маротиба – солҳои 2006 ва 2010 дар мусобиқаи чемпионати Осиё ширкат варзида, соли 2006 дар Сингапур зинаи сеюмро ишғол карда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.