Дар шаҳри Буэнос-Айрес рӯзи 7 октяр маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ байни наврасон доир гардида, вале имрӯз аз се намояндаи Тоҷикистон як нафар аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Дар Олимпиада Тоҷикистонро се варзишгар – Сулаймони Ҷамшед (дзюдо), Бежан Файзуллоев (тирандозӣ) ва Анастасия Тюрина (шиноварӣ) намояндагӣ мекунанд.

Дирӯз дар маросими ифтитоҳи бозиҳо, ки маъмулан на дар варзишгоҳ, балки дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр – “Хиёбони 9 июл” баргузор шуд, парчамбардори Тоҷикистон Сулаймони Ҷамшед буд.

Имрӯз дар мусобиқаи дзюдо дар вазни то 66 кило Суаймони Ҷамшед дар рақобати аввал бар варзишгари Қазоқистон Женисбеков ғолиб омада, дар давраи 1/6 финалӣ аз ғолиби ояндаи мусобиқа – озарбойҷонӣ Вугар Толибов шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ, ӯ аз идомаи мусобиқа дар Олимпиада маҳрум шуд.

Акнун Тоҷикистон ба Анастасия Тюрина ва Бежан Файзуллоев умуед мебандад. Ба ҳамватанонамон мухлисӣ мекунем!

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.