Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти сарварии муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тӯхтаев дар бозии нимфиналии мусобиқаи «Bangabandhu Gold Cup» дар Бангладеш бо ҳисоби 2 бар 0 бар дастаи Филиппин дастболо шуда, ба даври финалии ин мусобиқа роҳхат гирифт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, тӯбҳоро ба дарвозаи ҳариф Комрон Турсунов ва Аҳтам Назаров ба нишон расониданд.

Гуфта мешавад, акнун рӯзи 12 октябр дар бозии финалии мусобиқа дар Варзишгоҳи миллии Бангабанду дар Дакка футболбозони тоҷик бо ғолиби бозии нимфиналии ҷуфти Фаластин – Бангладеш рақобат мекунанд.

Дар бозиҳои даври гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал (2:0) ғолиб омада, аз тими Фаластин (0:2) шикаст хӯрд. Мусобиқаи «Bangabandhu Gold Cup» маротибаи шашум бо иштироки 6 дастаи Осиё гузаронида шуда, Тоҷикистон дар он бори нахуст иштирок дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.