Дастаи мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Мубин Эргашев барои баргузории тамринҳои ниҳоии омодагӣ ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё-2018 ба Индонезия сафар кард.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, ҳамакнун даста бо ин сафар якбора дар Чемпионати Осиё -2018, ки дар ҳамин кишвар аз 18-уми октябр то 4-уми ноябр гузаронида мешавад, низ иштирок хоҳад кард.

Гуфта мешавад, футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Чин (20-уми октябр), Малайзия (23-юми октябр) ва Арабистони Саудӣ (26-уми октябр) қувва меозмоянд.  Ҳамаи  бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Патриот Сандрабага»-и шаҳри Бекаси баргузор мегарданд.

Зикр мегардад, ки аз рӯи низомнома аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ¼- ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар сурати ба даври минбаъда баромадани дастаи мунтахаби Тоҷикистон футболбозони мамалакат бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” вориди рақобат мешаванд.

Ёдрас мешавад, ки 4 дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё   ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019, ки дар Полша гузаронида мешавад, иштирок мекунанд.