Дастаи мунтахаби ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон (U-19) оид ба футбол дар бозии аввали мусобиқаи Чемпионати Осё-2018 дар Индонезия бо ҳисоби 1 бар 0 бар дастаи Чин дастболо шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ дар шаҳри Бекси доир гардида, тӯби ягонаро ба дарвозаи ҳарифон нимҳимоятгар Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 77-уми бозӣ бо зарба аз масофаи 25-метр ба нишон расонид.

Гуфта мешавад, ҳамин тариқ, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон нахустин 3 имтиёзро дар мусобиқаи Чемпионати Осиё дар гурӯҳи «D» ба даст овард. Дар ин гурӯҳ тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2 бар 1 дастаи Малайзияро мағлуб карда, низ соҳиби 3 имтиёз шуд.

Бозиҳои навбатии футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «D» бо Малайзия (23-юми октябр) ва Арабистони Саудӣ (26-уми октябр) баргузор мешавад.  Ҳамаи  бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Патриот Сандрабага»-и шаҳри Бекаси баргузор мегарданд. Оғози бозиҳо соати 17:00 ба вақти Душанбе.

Аз рӯи низомнома аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ¼- ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар сурати ба даври минбаъда баромадани дастаи мунтахаби Тоҷикистон футболбозони мамлакат бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” (Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ва Урдун) вориди рақобат мешаванд.

Қобили зикр аст, ки 4 дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2018 ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-20), ки дар Полша доир мегардад, иштирок мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.