Рӯзҳои 3-4 ноябр дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми Осиё оид ба дзюдо баргузор гардида, намояндагони Тоҷикистон сазовори ду медал шуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, паҳлавони шинохтаи кишвар Саидҷалол Саидов дар вазни -100 кг сазовори медали тилло шуд. Саидҷалол мусобиқаро аз даври нимфинал оғоз карда, бар варзишгари мизбон Алман Калиев ғалаба кард. Ӯ дар финал намояндаи дигари кишвари мизбон Жассулан Муҳаметхановро шикаст дод.

Гуфта мешавад, паҳлавони дигари кишвар Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг медали нуқраро ба гардан овехт. Хайёмиддин дар даври чорякфинал бар варзишгари мизбон Еркебулан Аманкос ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар ин давр бар намояндаи дигари кишвари мизбон Нурлан Аразалин дастболо шуд, вале дар финал аз варзишгари Юнон Ҷорҷиос Азоидис шикаст хурд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз Тоҷикистон ҳамчунин Иброҳим Саидакбаров низ дар вазни -73кг иштирок карда, аммо дар рақобати аввал аз Бауржан Сагингалиулуи қазоқистонӣ мағлуб шуд.

Қайд мешавад, ки дар мусобиқа 76 варзишгар (56 мард, 20 зан) аз 7 кишвар иштирок карданд. Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо як медали тилло ва як нуқра баъд аз Қазоқистон ва Юнон ҷои сеюмро ишғол намуд.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо бахшида ба гиромидошти хотираи Турар Жолдибаев мусобиқаи рейтингӣ мебошад. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа ба имтиёзҳо дар рейтинги ҷаҳонӣ соҳиб мешаванд. Ғолиби мусобиқа – 100 имтиёз, зинаи дуюм – 60 ва мақоми 3-юм – 40 имтиёз мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.