Лука Модрич, ҳамлагари дастаи мунтахаби футболи Хорватия ва бозигари бошгоҳи "Реал"-и Мадрид ҳамчун футболбози беҳтарини ҷаҳон дар соли 2018 барои аввалин бор барандаи ҷоизаи маҷаллаи France Football "Тӯби тиллоӣ" шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин ҷоиза ба Лука Модричи 33-сола дар як маросими пуршукӯҳ, ки 3-юми декабр дар шаҳри Парижи Фаронса доир гардид, супурда шуд. Ӯ дар мубориза барои ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" аз собиқ ҳамдастааш Криштиану Роналду, ки ҳоло дар бошгоҳи "Ювентус"-и Италия бозӣ мекунад ва ҳамлагари мунтахаби Фаронса ва бошгоҳи "Атлетико"-и Испания Антуан Гризманн пеш гузашт.

Гуфта мешавад, дар мавсими 2017/18 Модрич дар ҳайати "Реал" ғолиби лигаи қаҳрамонҳои УЕФА гардида, дар дастаи мунтахаби Хорватия медалҳои нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон-2018-ро ба даст овард. Моҳи сентябри имсол нимҳимоятгар Лука Модрич аз рӯи ривояти ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) беҳтарин футболбоз эътироф шудааст. Ҳамчунин ӯро УЕФА (Созмони футболи Аврупо) низ беҳтарин бозигари сол эълон кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз соли 2008 то 2017 "Тӯби тиллоӣ"-ро панҷборӣ Лионел Месси ва Криштиану Роналду ба даст овардаанд. Ин дафъа Роналду дуюм ва Месси панҷум шуданд.

Ба даҳгона аз байни 30 довталаби "Тӯби тиллоӣ" инҳо дохил шуданд:

1. Лука Модрич, ("Реал");

2. Криштиану Роналду ("Реал"/"Ювентус");

3. Антуан Гризманн ("Атлетико");

4. Килиан Мбаппе ("Пари Сен-Жермен");

5. Лионел Месси ("Барселона");

6. Муҳаммад Салоҳ ("Ливерпул");

7. Рафаэл Варан ("Реал");

8. Эден Азар ("Челси");

9. Кевин де Брёйне ("Манчестер Сити");

10. Харри Кейн ("Тоттенҳэм").