Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи “Хуҷанд” рӯзи 6 март бозии нахустини худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар соли 2019 баргузор намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти дастаи “Хуҷанд”, бозии аввалро дастаи “Хуҷанд” дар Туркманистон бо тими “Аҳал” гузаронида мусовӣ – 1 бар 1 анҷом дод. Тӯби аввалро дар дақиқаи 17-ум футболбози тоҷик Ҷаҳонгир Эргашев ба нишон расонида, дар дақиқаи 28-ум футболбозони туркман ҳисобро баробар карданд.

Бозии ҷавобӣ рӯзи 13 март дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки ғолиби ин ҷуфт ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар минтақаи Марказӣ роҳхат гирифта, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Дордой» (Қирғизистон) қувваозмоӣ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.