Паҳлавони шуҳратёри тоҷик дар риштаи самбо Набимуҳаммад Хоркашев 25 март, қабл аз оғози мусобиқаи гӯштӣ дар шаҳри Бохтар, эълон кард, ки расман майдони гуштиро тарк мекунад.

Набимуҳаммад Хоркашев гуфт, ки пас аз тарки майдон кардан, бештар ба тарбияи паҳлавонони оянда машғул хоҳад шуд. Ӯ то имрӯз низ дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Хатлон ба тарбияи варзишгарон машғул буд.

Ин паҳлавони тоҷик ба мухлисони хеш барои дастгирии ҳамешагиашон изҳори сипос намуд.

Набимуҳаммад Хоркашев дар мусобиқаи гуштӣ дар Бохтар
Сурат: Asia-Plus

Нусратулло Файзуллоев, соҳибкори маҳаллӣ ва молики ҶСШК “Ресанда” –и шаҳри Бохтар, ки ҳамасола дар арафаи Иди Наврӯз мусобиқаи гӯштӣ ташкил менамояд, Набимуҳаммад Хоркашевро бо туҳфаи пулӣ қадрдонӣ кард.

Бояд гуфт Набимуҳаммад Хоркашев, яке аз паҳлавонони шинохтаи тоҷик тайи чанд соли охир ба ҳисоб мерафт. Номбурда ду карат барандаи медали нуқраи ҷоми ҷаҳон дар риштаи самбо ва 8 карат қаҳрамони ҷоми Осиё ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳамчунин 10 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.