Аз 5 то 7 апрели соли равон мусобиқаи Гран-прии Анталияи Туркия доир мегардад, ки дар он 5 дздочии тоҷик ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи милии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, ҷумҳурии моро дар Гран Прии Анталия зери роҳбарии ӯ 5 варзишгар – Ёқубҷон Боқиев, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳар ду дар вазни -66кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа иштироки 537 варзишгар (330 мард, 207 зан) аз 78 кишвари дунё дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ гардида, ҳамчунин соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд. Барои ҷои аввал 3000 доллари ИМА, барои ҷои 2-юм 2000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1000-долларӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мешавад, ки дар Гран Прии Анталия соли 2018 Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ғолиб, соли 2017 сазовори медали нуқра гардида буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.