Ниммарафони X байналмилалии Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон санаи 20 апрел доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Мувофиқи қарори қабулшудаи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, барои варзишгарони ҷойҳои аз 1 то 6-умро ишғолнамуда ҳам байни мардону ҳам занон дар ҳаҷми аз 13 ҳазору 350 сомонӣ барои зинаи 6-ум то 31 ҳазору 150 сомонӣ (беш аз 3 ҳазор доллар) барои зинаи 1-ум мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла, барои ҷойи дуюм- 26 ҳазору 700 сомонӣ, ҷои сеюм- 22 ҳазору 250 сомонӣ, ҷои чорум – 17 ҳазору 800 сомонӣ, ҷои панҷум – 16 ҳазору 20 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.
Ба ниммарафони имсола дар шаҳри Душанбе варзишгарон аз 27 кишвари саросари дунё даъват шуда, ҳамчунин бисёре аз варзишгарони тоҷик низ дар он иштирок мекунанд.
Ниммарафони байнулмилалӣ ҳамасола дар ҷашни Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад. Нахустин Ниммарафони байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи қариб 21 бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.
Ниммарафони Душанбе ба тақвими расмии марафонҳои байнулмилалии ҷаҳон шомил гардидааст, ки аз мақоми баланди он гувоҳӣ медиҳад.
Дар ин мусобиқаи варзишӣ ба ҷуз намояндагони Тоҷикистон, маъмулан варзишгарон аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Русия, Афғонистон, Эрон, Канада, Кения, Чин, ИМА, Фаронса ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста