Дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2019 байни дастаҳои “Истиқлол” (Душанбе) ва “Хуҷанд” (ш.Хуҷанд) дар Варзишгоҳи марказии пойтахт дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби калони 3 бар 0 дастаи “Хуҷанд”-ро мағлуб кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ бо ҳузури беш аз 12 ҳазор нафар мухлистон доир гардида, тӯбҳоро дар қисми дуюми вохӯрӣ легионери “Истиқлол”, ҳамлагари мунтахаби футболи Арманистон Руслан Корян (2 тӯб) ва аз зарбаи 11-метра Алишер Ҷалилов ба ҳадаф расониданд.

Вохӯрии дигар дар гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2019 байни чемпиони футболи Қирғизистон – “Дордой” ва “Олтин Асир”-и Туркманистон мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, пас аз даври аввал “Истиқлол” бо се имтиёз дар гурӯҳи «D» пешсаф буда, “Дордой” ва “Олтин Асир” 1-холӣ доранд.

Бозиҳои давраи дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «D» баъди ду ҳафта, 17 апрел баргузор шуда, “Истиқлол” дар Ашқобод бо “Олтин Асир” ва “Хуҷанд” дар майдони худ бо “Дордой” бозӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.