Мунтахаби футболи синни то 15-солаи наврасони Тоҷикистон мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим - Хуашан-2019» (Silk Road – Hua Shan Cup-2019)-ро дар Чин бо пирӯзии дилпурона оғоз намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии аввал шогирдони Аҳлиддин Турдиев ба дарвозаи мунтахаби Қирғизистон 8 голи беҷавобро ба ҳафдаф расониданд.

Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ футболбозони навраси тоҷик Муҳаммадворис Сайдалиев ва Абдуфаттоҳ Худойдодзода ба задани 3-голӣ, ҳамчунин Кабиру Салимшоев ва Раҳматшо Раҳматзода 1-тӯбӣ ба дарвозаи ҳариф ноил гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ дар Вэйнан футболбозони навраси тоҷик боз рӯзи 8 апрел бо дастаи Мянма ва санаи 10 апрел бо ҳамсолони худ аз Чин бозӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.