Гӯштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён рӯзи 7 апрел дар мусобқиаи Гран-прии Анталия-2019 дар Туркия ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардид.

Комроншоҳ аз даври дуюм ба рақобат пардохта, дар қуввваозмоиҳо бар намояндагони Молдова ва Эстония дастболо гардид, вале дар муборза барои даст ёфтан ба ҷойи сеюм аз варзишгари гурҷӣ шикаст хӯрд.

Дар қувваозмоиҳои иловагӣ барои гирифтани медали биринҷӣ ӯ варзишгарони Беларус ва Исроилро шикаст дода, ба гирифтани медал ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1 ҳазор доллар ноил гардид.

Ёдрас мекунем, ки дар Гран Прии Анталия соли 2018 Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90 кг ғолиб, соли 2017 сазовори медали нуқра гардида буд.

Дигар намояндагони Тоҷикистон дар ин мусобиқа – Хайёмиддин Ҷабборова Ёқубҷон Боқиев (вазни то 66 кг), ҳамчунин Акмал Муродов (вазни то 81 кг) лар қувваозмоиҳои аввалин шикаст хӯрданд. Дар вазни то 100 кг Саидҷалол Саидов дар ду рақобати аввал варзишгарони Ӯзбекистон ва Олмонро мағлуб сохта, дар қувваозмоии чорякфиналӣ аз намояндаи Озарбойҷон шикаст хӯрд.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа 537 варзишгар (330 мард, 207 зан) аз 78 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.