Мунтахаби футболи синни то 15-солаи наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба Ҷоми “Роҳи абрешим - Хуашан-2019» (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) соҳиб шуданд. Мусобиқа дар шаҳри Вэйнани Чин баргузор шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ),  вохӯрии даври охирини мусобқаро бо тими мунтахаби Чин футболбозони тоҷик мусовӣ – 0 бар 0 анҷом доданд.

Дар ду бозии аввали ин мусобиқа футболбозони навраси тоҷик дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 8 бар 0 ва Мянмаро бо ҳисоби 5 бар 0 мағлуб карда буданд.

Гуфта мешавад, дар маросими тақдими ҷоизаҳо ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷоми “Роҳи абрешим - Хуашан-2019» супурда шуд.

Дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Сафармад Ғаффоров – беҳтарин дарвозабон, ҳамлагари навраси тоҷик Абдуфаатоҳ Худойдодзода – беҳтарин ҳуҷумкунанда, узви дастаи Тоҷикистон Муҳаммадворис Сайдалиев бо 4 тӯб беҳтарин нишонзани мусобиқа дониста шуданд.

Иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим - Хуашан-2019» (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 барои футболбозони навраси тоҷик мебошад, ки моҳи сентябр баргузор мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.