Дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2019 даври дуюм баргузор шуд, ки барои тимҳои Тоҷикистон муваффақона анҷомид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бар дастаи “Дордой” (Қирғизистон) бо ҳисоби 3 бар 1 дастболо шуд. Ин нахустин пирӯзии таърихии дастаи “Хуҷанд” дар ин мусобиқа аст.

Гуфта мешаванд, намояндаи дигар Тоҷикистон дар ин мусобиқа – тими “Истиқлол”-и Душанбе бозиро дар Турманистон бо дастаи “Олтин Асир” мусовӣ 1 бар 1 анҷом дод.

Бозиҳои даври сеюмро дар гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2019 тими “Хуҷанд” рӯзи 30 апрел дар майдони худ бо дастаи “Олтин Асир” ва дастаи “Истиқлол” санаи 1 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими “Дордой” баргузор мекунанд.

Пас аз ду давр тими “Истиқлол” бо 4 имтиёз дар гурӯҳи «D» пешсаф аст. Дастаҳои “Хуҷанд” бо 3 имтиёз – дар зинаи дуюм, “Олтин Асир” бо 2 имтиёз – дар мақоми сеюм ва “Дордой” бо 1 имтиёз дар ҷойи охири ҷадвал қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.