Варзишгари тоҷик, чемпиони олимпӣ оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров санаи 24 апрел дар ҷемпионати Осиё дар шаҳри Доҳаи Қатар ғалаба ба даст овард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикитсон, варзишгари маъруфи кишвар, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров маротибаи панҷум ба гирифтани унвони Чемпиони Осиё мушарраф шуд.

Гуфта мешавад, Дилшод Назаров шоми 24 апрел дар шаҳри Доҳаи Қатар дар даври финалии мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук гурзро ба масофаи 76.14 метр ҳаво дода, ҷои аввалро ишғол кард. Варзишгари мизбон Ашраф Ал-Сайфӣ бо натиҷаи 73.76 метр ҷои дуюм, Суҳроб Хоҷаев аз Ӯзбекистон бо натиҷаи 72.86 метр ҷои сеюмро сазовор шуданд. Дар даври финали мусобиқаи гурзандозӣ 12 нафар иштирок карданд.


Ба ҷуз Дилшод Назаров, дар мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук Тоҷикистонро боз панҷ нафари дигар - Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 400 метр бо монеъаҳо); Одилшо Исматов (давидан ба масофаи 800 метр), Алишер Пӯлодов (давидан ба масофаи 400 метр), Григорий Дерипаскин (давидан ба масофаи 400 метр) ва Гулсунбӣ Шарифова (давидан ба масофаи 200 метр) намояндагӣ карда, ба касби зинаҳои аввал ва гирифтани медалҳо шарафёб нагардиданд.

Ёдрас мешавад, ки ин панҷум медали тиллои Дилшод Назаров дар Чемпионати варзиши сабуки Осиё мебошад. Ӯ қаблан солҳои 2009, 2013, 2015, 2017 ба унвони Чемпиони Осиё даст ёфта, ҳамчунин барандаи 2 медали нуқра (2005, 2007) ва як медали биринҷии (2003) Чемпионати Осиё мебошад. Дилшод Назаров, инчунин, 3 маротиба дар Бозиҳои Осиё ғолиб омадааст.  

Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар шаҳри Доҳаи Қатар бо пирӯзии варзишгарони Баҳрайн анҷом ёфт. Онҳо 22 медал (7 тилло, 11 нуқра, 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. Чин бо 29 медал (9 тилло, 13 нуқра, 7 биринҷӣ) ҷои дуюм, Ҷопон бо 18 медал (5 тилло, 4 нуқра, 9 биринҷӣ) ҷои сеюмро ишғол намуданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло дар ҷои 13-ум қарор гирифт. Умуман, варзишгарони 20 давлати қора ба гирифтани медалҳои Чемпионати Осиё даст ёфтанд.

Дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар Қатар беш аз 1 ҳазор нафар намоядагони 45 кишвари қора иштирок карда, аз рӯи 21 навъи ин варзиш қувваозмоӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.