Дар шаҳри Душанбе аз 5 то 18 май ду мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба теннис – “Тоҷикистон опен” ва Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни наврасону духтарони синни то 18-сола доир мегарданд.

«Мусобиқаҳо дар майдонҳои тенниси Варзишгоҳи марказӣ баргузор мешаванд”, - қайд кард сармурабии мунтахаби тенниси Тоҷикистон Абдурасул Муҳиддинов.

Дар мусобиқа аз иштироки наздики 300 нафар теннисбозон аз 40 кишвари саросари ҷаҳон, аз ҷумла Лаҳистон (Полша), Ӯзбекистон, Британияи Кабир, Россия, Эрон, Латвия, Швейтсария, Австрия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Эстония, Исроил, Италия, Гурҷистон, Украина, Франсия, Сурия, Белгия,  Туркия, Канада,  Испания, Булғористон, Таиланд, Олмон, Юнон, Чехия, Беларус,  Тунис, Шри-Ланка, Руминия, Арманистон, Қирғизистон, Гонконг, Зеландияи Нав, Сербия, Зимбабве, Тайбэйи Чин, ИМА ва Нидерланд интизорӣ меравад.

Сурат: Федератсяи тенниси ҶТ

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳо байни наврасон Мараматшо Аёмбеков, Хушбахт Каримов, Саддам Ҳусейн, Исом Шарифов, Аминҷон Абдуллоев, Бахтиёр Исроилов, Ромеш Музаффарӣ, Шоҳҷаҳон Акрамалиев, миёни духтарон – Наргиза Яҳёева, Диана Иванихина, Комила Урумбоева ва Меҳрона Қараева намояндагӣ мекунанд.

Мусобиқаҳо байни наврасон ва духтарон баргузор мешаванд. Мувофиқи рейтинги байнулмилалӣ, бархе аз иштирокчиён ба даври асосӣ гузашта, дигарон дар мусобиқаҳои интихобӣ барои роҳ ёфтан ба марҳилаи асосӣ рақобат мекунанд. Бозиҳои пешакӣ 4 май шурӯъ мешаванд.

Мусобиқаи Tajiristan Open 10 май ба анҷом расида, баъди он а 11 то 17 май мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсия - Fed Cup – мусобиқаи бузурги даставӣ дар тенниси занона оғоз мегардад.

«Ҳарду мусобиқа ба дараҷаи 5-уми низоми мусобиқоти Федератсияи байнулмилалии теннис ITF дохил мешаванд. Ба ҳар кадоме аз теннисӣозон барои иштирок имтиёзҳои рейтингӣ дода мешавад», - зикр кард Абдурасул Муҳиддинов.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.