Дар даври чоруми мусобиқаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2019 дастаҳои Тоҷикистон ба шикаст дучор шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрии “Истиқлол”-и Душанбе бо “Дордой” дар Бишкек бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи соҳибони майдон ва бозии “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо “Олтин Асир” дар Ашқобод бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи футболбозони туркман анҷом ёфт.

Акнун рақобат барои пирӯзӣ дар гурӯҳ шиддат гирифт. Пас аз чор давр “Истиқлол” бо касби 7 имтиёз пешсафи ҷадвал буда, зинаи дуюмро бо 6 хол “Олтин Асир” ишғол мекунад. Зинаҳои манбаъдаро “Хуҷанд” ва “Дордой” ишғол мекунанд, ки ҳарду 4-имтиёзӣ ба даст овардаанд.

Ду даври боқимонда ҳалкунанда хоҳанд шуд. Дар даври панҷум рӯзи 19 июн “Хуҷанд” дар майдони худ дастаи “Истиқлол”-ро қабул намуда, ҳамин рӯз дар Ашқобод “Олтин Асир” ва “Дордой” бозӣ мекунанд.

Бозиҳои даври 6-уми охирин дар гурӯҳ санаи 26 июн доир мегарданд. “Истиқлол” дар Душанбе “Олтин Асир”-ро ба меҳмонӣ пазируфта, бозии “Хуҷанд” бо “Дордой” дар Бишкек баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки танҳо ғолиби гурӯҳи “D” ба марҳилаи минбаъдаи мусобиқаи Ҷоми КФО-2019 роҳхат мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.