Ҳамаи иштирокчиёни мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони то 17-сола (U-17), ки тирамоҳи ҳамин сол дар Бразилия доир мегардад, маълум шуданд. Дастаи Тоҷикистон ба ҳаққи иштирок дар ин мусобиқа дар Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия мушарраф гардида буд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯйхати дастаҳои иштирокчии чемпионат дар Бразилия тариқи зайл аст: Тоҷикистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия (Осиё), Камерун, Нигерия, Ангола, Гвинея (Африқо), Канада, ИМА, Мексика, Гаити (Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ, ҳавзаи Кариб), Бразилия, Аргентина, Чили, Эквадор, Парагвай (Амрикои Ҷанубӣ), Зеландияи Нав, ҷазираҳои Соломон (Уқёнус), Франсия, Голландия, Италия, Испания ва Маҷористон (Венгрия) - (Аврупо).

Маросими қуръакашии мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон байни наврасон санаи 22 июн дар маҷмааи намоишгоҳии Риосентрои Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ 24 тими иштирокчии мусобиқа  4-дастагӣ ба 6 гурӯҳ тақсим карда мешаванд.

Дар қуръакашӣ мавқеи ҷуғрофӣ - яктогӣ намояндаи конфедератсия дар гурӯҳҳо - ба инобат гирифта мешавад. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ва ҳамчунин чор дастаи дорои нишондиҳандаҳои беҳтарин байни тимҳои зинаи сеюмро дар гурӯҳҳо ишғолнамуда ба даври 1/8 финалии мусобиқа роҳхат мегиранд.

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) то ҳол муҳлати дақиқи баргузории мусобиқаи Чемпионати имсолаи ҷаҳонро байни наврасон муайян накардааст.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон бори дуюм аст, ки дар мусобиқаи чемпионати сайёра ширкат меварзанд. Дар дар мусобиқаи соли 2007 футболбозони навраси тоҷик ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфта буданд.

Ёдрас мекунем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар Ҷоми Осиё – 2018 мақоми дуюмро соҳиб гардид ва ба Ҷоми ҷаҳон - 2019 роҳхат гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.