Мутахассиси 61-солаи украинӣ Сергей Житский сармурабии нави дастаи футболи КМВА “Помир” таъин шуд. Ӯ дастаро ба бозиҳои нимаи дуюми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2019 омода мекунад, хабар медиҳад сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин вазифа мутахассиси Украина Рустам Хоҷаевро иваз намуд, ки қаблан бо сабаби натиҷаҳои ғайриқаноатбахш аз мансаби сармураббигии ин даста истеъфо дода буд.

Дар таҷрибаи кории худ Сергей Житский дар дастаҳое чун «Хмельницкий», «Никополь», «Олимпик-УОР» (Украина) ва «Одиши-1919» (Гурҷистон) ба сифати сармураббӣ фаъолият намудааст. Ӯдорои иҷозатнома (литсензия)-и сармураббигии дараҷаи “А”-и УЭФА мебошад.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои 10 даври мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаи КМВА “Помир”-и Душанбе бо касби ҳамагӣ 6 имтиёз дар зинаи охири ҷадвал қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.