Дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) аз 12 то 14 июл мусобиқаи Гран-прии Будапешт оид ба дзюдо доир мегардад, ки дар он 6 нафар гуштигирони тоҷик низ ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро Хайёмиддин Ҷабборов (вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков (73 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг) ва Темур Рахимов (зиёда аз 100 кг) намояндагӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи Гран-прии Будапешт беш аз 600 нафар дзюдочиён аз 85 кишвари саросари дунё иштирок хоҳанд кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.