Дар даври дуюми мусобиқаи байнулмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 0 дастаи Сурияро мағлуб кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Комрон Турсунов (дақиқаи 46-ум) ва Илҳомҷон Баротов (дақиқаи 67-ум) ба нишон расониданд.

Дарвозабони 20-солаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Рустам Ятимов бозигари беҳтарини вохӯрӣ дониста шуда, бо 2500 долллар мукофотпулӣ қадрдонӣ шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали ин мусобиқа футболбозони тоҷик дастаи мизбон - Ҳиндустонро бо ҳисоби 4 бар 2 шикаст дода буданд.

Акнун бо касби 6 имтиёз баъду ду бозӣ мунтахаби Тоҷикистон дар садри ҷадвал қарор дорад. Бозии дигари даври дуюм байни дастаҳои Ҳиндустон ва Кореяи Шимолӣ рӯзи шанбе, 13 июл доир мегардад.

Рақиби навбатии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ин мусобиқа дастаи Кореяи Шимолӣ мебошад. Ин бозӣ рӯзи душанбе, 15 июл соати 19:30 дақиқа бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи «EKA Arena» баргузор мешавад.

Дар мусобиқаи байнулмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дастаҳо якборӣ бо ҳам вохӯрда, сипас аз рӯи натиҷаҳои даври гурӯҳӣ, ду дастаи беҳтарин санаи 19 июл дар бозии финалӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.