Дар қароргоҳи Федератсияи байналмилалии дздо (IJF), воқеъ дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон рӯзи 13 июл миёни Федератсияи байналмилалии дзюдо ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар самти рушди дзюдо дар мактаб шартнома ба имзо расид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, санади мазкурро президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер ва раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов ба имзо расониданд.

Гуфта мешавад, дар асоси санади мазкур, ки дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба тасвиб расид, Федератсияи байналмилалии дзюдо ба 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Данғара, Ваҳдат, Кӯлоб, Истаравшан, ноҳияҳои Кӯшониён, Муъминобод, Ванҷ ва Рӯшон гилеми варзишӣ (татамӣ) ва либосҳои варзишии кӯдакона тақдим хоҳад намуд. Ҳамчунин, ба 10 мураббӣ, ки ба наврасону ҷавонон ин намуди варзишро меомӯзонанд, муддати як сол маош дода хоҳад шуд.

Хотиррасон мешавад, ки маросими мазкур дар ҳошияи баргузории мусобиқаи байналмилии дзюдо - Гран Прии Будапешт-2019 сурат гирифт. Дар ин мусобиқа, ки 12-14 июл баргузор шуд, 4 паҳлавони тоҷик - Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.

Зимнан зикр мегардад, ки натиҷаи беҳтарро Комроншоҳ Устопириён нишон дод. Ӯ дар вазни -90кг баъд аз се пирӯзӣ ва ду бохт ҷои ҳафтумро ишғол кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.