Дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Актауи Қазоқистон варзишгари тоҷик Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило ба дарёфти медали нуқра ноил гардид.

Дар ин мусобиқа 175 нафар варзишгарон аз Озарбойҷон, Гонконг, Эрон, Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Испания, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Саидҷалол аз марҳилаи 1/8 финалӣ ба рақобат пардохта, то даври финалӣ бар ҳарифонаш аз Ӯзбекистону Қазоқистон - Чингизхон Шокиров ва Динаҳмед Руссимбек дастболо шуд. Дар даври нифиналӣ бар варзишгар аз Русия Иброҳим Маргиев ғолиб омада, дар қувваозмоии финалӣ аз қазоқистонӣ Виктор Демяненко шикаст хӯрд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта Саидҷалол Саидов дар ҳамин мусобиқа ғолибият ба даст оварда буд.

Дар ин мусобиқаи байнулмлалӣ мунтахаби Тоҷикистонрго 8 нафар дзюдочиён намояндагӣ карданд.

Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо бахшида ба гиромидошти хотираи Турар Жолдибоев мусобиқаест, ки дар он варзишгарон имтиёзҳо мегиранд. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа имтиёзҳои рейтингӣ гирифтанд. Барои медали нуқра Саидҷалол дар рейтинги байнулмолалӣ 60 имтиёз гирифт, ки ба ӯ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио кумак мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.