Аз 23 то 27 августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис  барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба сармураббии дастаи Тоҷикистон оид ба теннис Абдурасул Муҳиддинов, дар мусобиқаи мазкур ҷавонони то 17-сола метавонанд иштирок намоянд. 

Гуфта мешавад, айни замон иштироки варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Покистон ва  Россия муайян гардидааст. То ҳафтаи оянда варзишгарони дигар давлатҳо низ барои иштирок дар мусобиқа метавонанд муроҷиат намоянд.

Мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис  барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» cоли даҳум  аст, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Мақсад  аз баргузории он муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни варзишгарон  мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис  4 рӯз идома меёбад. Дар ҷамъбаст барои ғолибони ҷои аввал 10 ҳазор  сомонӣ, ҷои дуюм 8 ҳазор  сомонӣ ва ҷои сеюм 5 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.