Бозии сеюми мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар шаҳри Душанбе бо дастаи Ӯзбекистон мусовӣ - 2 бар 2 анҷом пазируфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии дигари рӯзи чоруми мусобиқа футболбозони Эрон бо ҳисоби 2 бар 0 бар дастаи Афғонистон дастболо шуданд.

Ҳамин тариқ, пас аз дави чорум бо касби 9 имтиёз мунтахаби Эрон пешсафи ягонаи ҷадвали мусобиқа аст. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо касби 7 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад.

Акнун ғолиби Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар даври охирин муайян мешавад. Барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа дар вохӯрӣ бо тими Эрон барои Тоҷикистон танҳо ғалаба зарур аст. Ин бозӣ рӯзи панҷшанбе, 15 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад. Оғози бозӣ соати 20:00.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.