Дар истироҳатгоҳи “Чангоб” дар дараи Алмосии водии Ҳисор қисмати ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот баргузор шуд.

Бо касби 9 имтиёз аз 11 холи имконпазир Ҷамшед Исмоилов байни мардон зинаи аввалро ишғол намуд. Зинаҳои дуюму сеюмро мутаносибан Алишер Каримов (8,5 имтиёз) ва Аминҷон Қобилов (7,5 имтиёз) касб намуданд.

Байни занон бо касби 10 имтиёз аз 11 холи имконпазир Мутриба Хотамӣ ба гирифтани медали тилло ноил гардида, зинаи дуюмро Надежда Антонова (9,5 имтиёз) ва мақоми сеюмро Сабрина Абророва (9 имтиёз) ишғол намуданд.

1/2

Тавре ноиби президенти Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов хабар дод, дар мусобиқаи давраи финалии чемпионат дар мусобиқаҳо байни занон ва мардон 12-нафарӣ иштирок карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.