Баъди ғалабаи дуюми пайдарпай дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Қазоқистон-2019 оид ба футбол дар Нур-Султон мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯи “В” зинаи якумро ишғол намуда, ба даври финалии мусобиқа роҳ ёфт.

Имрӯз футболбозони навраси тоҷик бо ҳисоби 2 бар 1 бар дастаи Қазоқистон дастболо шуданд. “Тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Раҳматшо Раҳматзода ва Муҳаммадворис Саидалиев ба ҳадаф расониданд”, - хабар медиҳад сомонаи расмии ФФТ Тоҷикистон.

Рақиби тими Тоҷикистон дар бозии финалии мусобиқа баъдтар пас аз вохӯрии дастаҳои Қазоқистон ва Литва (то синни 17-сола) маълум мешавад. Бозии финалӣ рӯзи чоршанбе, 28 август дар шаҳри Нур-Султон баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.