Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Қазоқистон-2019 оид ба футбол дар Нур-Султон, ки санаи 28 август анҷом ёфт, зинаи дуюмро ишғол намуд.

Дар бозии финалии мусобиқа футболбозони тоҷик аз дастаи мунтахаби футоли наврасони Қазоқистон (U-17) бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрданд, хабар медиҳад сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Қаблан дар бозиҳои даври гурӯҳӣ наврасони тоҷик бар дастаҳои Арманистон (2:1) ва Қазоқистон (2:1) дастболо шуда буданд.

Бо касби зинаи дуюм ба футболбзони навраси тоҷик ба ҷуз медалҳои нуқраи мусобиқа, ҳамчунин дар ҳаҷми 5 ҳазор доллар мукофотпулӣ тақдим шуд.

Ғолиби мусобиқа - дастаи Қазоқистон бо медали тилло ва 7 ҳазор доллар мукофотпулӣ ва соҳиби медалҳои бириниҷии мусобиқа - тими Литва бо 3 ҳазор доллар мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Бозигари мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ беҳтарин ҳимоятгари мусобиқа дониста шуд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.