Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон аз 14 то 22 сентябр Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини озод, юнонӣ-римӣ ва гуштини бонувон доир мегардад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар рақобатҳо барои дарёфти медалҳо дар навъи гуштини озод аз Тоҷикистон Муҳаммад Икромов (57кг), Ҷамшед Шарипов (61кг), Абдулқосим Файзиев (65кг), Баҳодур Қодиров  (86кг), Искандари Рустам (97кг) ва Фарҳод Анақулов (125кг) қувваозмоӣ мекунанд.

Дар навъи гуштини юнонӣ-римӣ Тоҷикистонро Ислом Мазитов (60кг), Мубинҷон Аҳмедов (67кг), Ҳабибҷон Зуҳуров (72кг), Муҳаммад Исмоилов (77кг) ва Тоҳир Охонов (87кг) намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, намояндагони Тоҷикистонро сармураббиён Олимов Абдурозиқ ва Беков Фаррух ҳамроҳӣ доранд.

Зикр мегардад, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини варзишӣ аввалин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба ҳисоб меравад. Варзишгароне, ки дар вазнҳои олимпӣ то ҷои шашумро ишғол мекунанд, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.